Тошканд: Аслов ва Комилов ҳамкориро баррасӣ кардаанд
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон 6-уми апрел дар шаҳри Тошканд бо ҳамтои узбакаш Абдулазиз Комилов мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷӣ ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон ва дурнамои самтҳои он, аз ҷумла дар ҳошияи ИДМ-ро баррасӣ намуда, оид ба проблемаҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.
Манбаъ афзуд, ки Аслов барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Тошканд қарор дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |