Парвандаи муттаҳамон дар қатл ва сӯзондани таксирони тоҷик ба додгоҳ рафт
Кумитаи тафтишотии вилояти Свердловск таҳқиқи куштори як муҳоҷири тоҷикро, ки ба ҳайси ронандаи таксӣ фаъолият дошт, ба анҷом расондааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳод гуфтааст, парванда ба додгоҳ фиристода шудааст. Дар ҷараёни таҳқиқ муайян шуда, ки як шаҳрванди 62-солаи Русия 19 апрели соли 2016 дар шаҳри Туринск як ронандаи 25-солаи таксиро куштааст. Гуфта мешавад, ин амалро дар заминаи рашк анҷом додааст. Ба иттилои манбаъ, ӯ дар курсии қафои мошин нишаста, аз таппончаи ғайриқонунибадастовардааш ду маротиба ҷониби ронанда шиллик кардааст. “Дар натиҷа ронандаи таксӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Баъди ин гумонбаршуда ҳамроҳи шиноси 33-солааш ҷасадро дар богоҷи мошин пинҳон карда, мошинро ба вилояти Тюмен рондаанд. Онҷо ҳамроҳи боз як марди 30-сола мошинро оташ задаанд”,-гуфта мешавад дар иттилоияи Кумитаи тафтишоти Свердловск.
Ин се нафар 24 апрели соли 2016 боздошт шуда, акнун интизори ҳукми додгоҳ хоҳанд нишаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |