Талбак Шарипов, як сокини маҳаллаи ба номи Синои ин шаҳр мегӯяд, шаби 11-уми ноябр шахсони номаълум аз оғили хоҷагиаш 2-сар буққаи фарбеҳ ва 9-сар гӯсфанди ҳисориро дуздида бурданд. Номбурда ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, ҳарчанд субҳи рӯзи дигар ба шӯъбаи корҳои дохилӣ муроҷиат карда бошад ҳам, вале то имрӯз тафтиши қазия идома дорад ва натиҷаи кор норӯшан боқӣ мондааст: «Ман хоҷагии молпарварӣ дорам. Гову гусфанд парварида, фарбеҳ намуда, ба бозор мебарорам ва бо ҳамин тарз ризқу рӯзӣ ва зиндагии оиларо пеш мебарам. Дар як шаб ба маблағи қариб 20-ҳазор сомонӣ зарар дидам. Ягона умедам ба кормандони милиса буд, ки мутаасифона, бо гузашти 1-моҳ наметавонанд аз дуздон хабар ёбанд. Агар милисаҳо пайи боздошти дуздон оҷиз бошанд, дигар метарсам то хоҷагиеро, ки ягона манбаи даромад ва пешрафти оилаам мебоашд, тараққӣ додаву молпарварӣ намоям».
Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, дар ҳоли ҳозир дуздии моликияти шахсӣ, ки солҳои ахир дар Кӯлоб тақрибан аз байн рафта буд, боз рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Як сокини деҳаи Файзободи боло бо исми Зариф мегӯяд, танҳо дар 3-моҳи охир аз ҳамин русто ва кӯчаҳои наздик ба он беш аз 35-сар гову моли сокинон дуздида шудааст. Ба андешаи сокинони шаҳр, дуздӣ баъди авфи умуми зиндониён рӯ задан гирифт. Аммо дар ин маврид, дар шӯъбаи корҳои дохилӣ ба хабарнигори «Озодагон» маълумот додан нахостанд. Қаюм Талбаков, муовини сардори ШКД дар сӯҳбат гуфт, ки бе иҷозати сардори ШКД наметавонанд маълумот пешниҳод намоянд.
Аснои муроҷиати хабарнигори маҳаллии «Озодагон» сардори ин шӯъба бо фармони вазири корҳои дохилӣ иваз гашта буд ва ҳамон рӯз бо сабаби қабули ҷойи кор сардори навтаъин бо гурӯҳи комиссиони вилоятӣ мавриди қабулу ҷо ба ҷо гузорӣ буданд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |