Шоҳисломов гуфт, 250 соҳибкори узбакистонӣ ба Душанбе меояд
Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон гуфт, дар назар аст, ки моҳи равон ҳудуди 250 намояндаи доираҳои тиҷоратии Узбакистон аз Душанбе боздид кунад.
Тибқи иттилои Шоҳисломов сафари соҳибкорони Узбакистон дар доираи намоишгоҳи молҳои саноатии Узбакистон дар назар аст, ки аз 17 то 21 апрел дар маҷмааи тиҷоратии "Пойтахт 90" баргузор мешавад.
Ба гуфтаи сафир дар намоишгоҳ муаррифии беш аз 1,5 ҳазор намуди молҳои саноатии истеҳсоли Узбакистон пешбинӣ шудааст. Ӯ афзуд, дар доираи намоиши молҳо анҷумани соҳибкорони тоҷику узбак баргузор мегардад, ки дар он масъалаи ҳамкории ҷонибҳо баррасӣ хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |