Ронандаи “Мерседес Бенс” аз беэҳтиётӣ сабаби марги пиёдагард шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 55-солаи шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дастгиршуда шоми 4 апрел бо мошини “Мерседес Бенс” ҳангоми ҳаракат бо маҳаллаи Хайробод аз самти кӯчаи Айнӣ ба самти маҳаллаи Кабудзори пойтахт, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, пиёдагарди шахсияташ номаълумро зер мекунад: "Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ мегӯяд, марди ҳалокшуда тахминан 50-55 сол дошта, шахсияташ ҳанӯз маълум нашудааст: “Аз рӯи далели мазкур тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |