Шӯрои уламо: Фурӯхтани мӯйи сар аз нигоҳи шариат мамнӯъ аст
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хариду фурӯши мӯи сари занонро нодуруст хондааст.
Алӣ, як корбари сомонаи Шӯрои уламо гуфтааст, бархе афрод манзил ба манзили одамон гашта, мӯи сари бонувонро, ки ҳангоми шона задан ҷамъ мешаванд, мехаранд. “Ҳукми харид ва фурӯшашро мефаҳмонидед?”,-пурсидааст ӯ. Шӯрои уламо бо такя ба китоби “Мухтасарул-виқоя” ба Алӣ посух гуфтааст. Дар саҳифаҳои 91-93-и китоби мазкур дар ин робита омадааст: “Харидан ва фурӯхтани аҷзои одамӣ аз қабили мӯй, дандон, нохун ва ғайра аз нигоҳи шариат мамнӯъ аст”.
Тайи чанд соли ахир гуруҳе асосан дар рустоҳо хона ба хонаи одамон гашта ва мӯйи сар ҷамъ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, мӯйро барои омода кардани мӯйи сохта (парик) ё таҳияи палтоҳои занона истифода мекунанд. Бар ивази мӯй ба соҳибхонаҳо ҳаргуна ашёи рӯзгор медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |