Путин ба Саймуъмин Ятимов ва амниятиҳои аршад: Ҳамкориро бештар бояд кард
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия имрӯз, 5-уми апрел бо Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва дигар амниятиҳои аршади Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кремл Путин дар мулоқот бо иштирокдорони ҷаласаи 14-уми роҳбарони мақомоти амниятӣ ва кашшофии кишварҳои ИДМ, ки ҳайати Тоҷикистонро Саймуъмин Ятимов роҳбарӣ мекунад, ҳозиринро ба ҳамкории бештар даъват кардааст.
Путин зимни мулоқот изҳор доштааст, ки барои муборизаи босамар бо терроризму экстремизми байналмилалӣ ва таъмини бехатарӣ бояд мақомоти амниятию кашшофӣ ҳамкории зич дошта бошанд: “Маҳз ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва мубодилаи иттилооти оперативию таҳлилӣ имкони истодагарӣ алайҳи таҳдидҳо дар қаламрави ИДМ-ро фароҳам меорад”.
Раисиҷумҳури Русия зарур хондааст, ки иштирокдорони ҷаласа ҷузъиёти ҳамкории мақомоти амниятиро баррасӣ карда, самтҳои афзалиятнокро муайян менамоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |