Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси шаҳри Душанбе аз Шӯрои қаблан таъсиёфта дар назди Шӯрои маркази исломии Тоҷикистон даъват кард, ки фаъолияти имом-хатибони масоҷиди панҷвақтаи пойтахтро дубора мавриди санҷиш қарор бидиҳад.
Ин нуктаро номбурда имрӯз, зимни як мулоқоташ дар ҷаласаи васеъи шаҳрдорӣ, ки бо ширкати вакилони Маҷлиси миллӣ, вакилони шаҳр ва доираи масъулини ҳукумати Душанбе дар толори «Маркази равобити пойтахт» сурат пазируфт иброз дошт. Шавкат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дода афзуд, ин тасмим барои ҷилавгирӣ аз "унсурҳои бегонаву тафриқаангез" дар миёни намозгузорон ва "таҳкими фазои диниву мазҳабӣ" дар пойтахти Тоҷикистон аз сар гирифта шудааст.
-Дар ҷаласа ҳамзамон сўҳбати ошкорои райиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо фаъолони пойтахт сурат гирифта, мавсуф ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас дода, оид ба ҳалли пешниҳодоти манзургашта ба масъулини шаҳрдорӣ дастуру супоришоти дахлдор ироа намуд,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр