Авҷи баҳс: Манъи парвози 2 ширкати русӣ ба Тоҷикистон ва маслиҳат ба мусофирон
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар посух ба қарори Маскав дар бораи манъи парвози “Сомон Эйр” тасмим гирифтааст, ки парвози ширкатҳои русии “Уралские авиалинии” ва “Ютейр” ба Душанбе ва Хуҷанд қатъ карда шаванд.
Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуданд, ки қарори мазкур аз соати 10:30-и 5-уми апрел амалӣ хоҳад шуд.
Бар асоси қарори мазкур парвозҳои “Ютейр” аз Маскав ба Душанбе ва “Уралские авиалинии” ба Хуҷанд мамнуъ гардид.
Масъули Вазорати нақлиёт таъкид кард, ки ин тасмим посух ба қарори Маскав дар бораи манъи парвозҳои “Сомон Эйр” ва иҷро нагардидани созишномаи байниҳукуматӣ мебошад.
Мақомоти Русия аз 3 апрел парвозҳои ширкати "Сомон Эйр"-ро аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Маскав маҳдуд карда, онро ба қазияи ширкати “Ямал” рабт доданд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик “Ямал” мехоҳад ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳафтае на 2 парвоз, балки 7 парвоз анҷом диҳад, ки боиси норозигии мақомоти Тоҷикистон шудаст.
Ин баҳс дар ҳолест, ки баҳор мавсими сафари муҳоҷирон ба Русия мебошад ва мамнуъсозиҳои тарафайни парвозҳо боиси саргардонии мусофирон шудааст. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, мусофирони ширкатҳое, ки парвозашон мамнуъ шудааст, метавонанд маблағашонро бозпас гиранд ё аз хатсайрҳои дигар истифода баранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |