Пешниҳоди маҳдудият ба қонуни интихоби вакилони маҳаллӣ
Шӯрои Маҷлиси намояндагон, таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров имрӯз, 3-юми апрел тағйирот ба қонун «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»-ро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумон, Абдураҳим Холиқзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ изҳор доштааст, ки тағйирот ба қонуни мазкур аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудааст.
Холиқзода мақсади тағйиротро ҷорӣ намудани маҳдудият барои номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бинобар соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар арзёбӣ кард.
Зимни ҷаласаи Шӯро таъкид гардидааст, ки лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Масъалаи мазкур барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |