Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи боришот ва селу сангрезӣ бархе аз сокинони навоҳии кишвар ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуданд.
Умеда Юсупова, сухангӯи Кумита имрӯз, 3-юми апрел ба “Озодагон” гуфт дар натиҷаи сангрезӣ дар маҳаллаи Шириншо Шотемури шаҳри Хоруғ, як манзили истиқоматӣ қисман хароб гардида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ба иттилои манбаъ барои ҷилавгирӣ аз нохушӣ сокинони 12 хоҷагӣ ба хонаҳои хешу табор кӯчонида шудаанд: “Инчунин дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон низ дар натиҷаи баландшавии сатҳи дарёи Сурхоб заминҳои наздиҳавлигии 3 хоҷагиҳои хусусӣ зери об монданд”.
Умеда Юсупова афзуд, ба деҳаи Сесангаи ҷамоати шаҳраки Оби Гарм низ ярч таҳдид мекунад: “Аз ин мавзеи хавфнок сокинони 6 хоҷагӣ муваққатан ба ҷои амн кӯчонида шуданд”.
Манбаъ илова намуд, ки аз тарафи Сарраёсати зиддижолаи Кумита дар 22 минтақа, аз ҷумла дар ноҳияи Ҳисор, Турсунзода, Хуросон, Ёвон ва Данғараи вилояти Хатлон корҳои безараргардонӣ бо истифода аз мушакҳои зидди жола амалӣ карда истодаанд: “Мутахассисон бо аҳолӣ суҳбатҳо гузаронда, тарзи дурусти амал ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаро фаҳмонда истодаанд”. Акси хонаи харобшуда дар Хоруғ аз Фейсбук
Мӯҳр