Кашфи бензини қочоқӣ ва сӯиистифода аз номи “Газпром-Нефт Тоҷикистон”
Мақомоти гумруки Тоҷикистон нисбати ду нафар, ки бо санадҳои тақаллубӣ аз номи “Газпром-Нефт Тоҷикистон” ба интиқоли маводи сӯхт машғул будаанд, парванда боз карда, ба додситонӣ фиристодааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, ҳангоми аз назаргузаронии гумрукӣ боркаши “Фотон”-и ҳомили 41 тоннаву 540 литр маводи сӯзишворӣ ошкор шудааст, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон Ҷ.Э. таалуқ дорад. Ба иттилои манбаъ, Ҷ.Э.-и 28-сола ва А.А.-и 29-сола, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамроҳ бо чанд нафари дигар бо ҳам маслиҳат намудаанд, ки аз Қирғизистон ба таври ғайриқонунӣ ба кишвар бензин ворид намоянд: “Ин гуруҳ ба воситаи деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ғончии вилояти Суғд ба ҳудуди Қирғизистон рафта, аз он ҷо маводи сӯзишвории навъи “бензин”-ро бо вазни умумии 41 тоннаву 540 литр аз “Чингиз” ном шахси номаълум ба маблағи умумии 124 ҳазору 620 сомонӣ харидорӣ менамоянд ва ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд”.
Манбаъ мегӯяд, тибқи маслиҳати пешакӣ, Ҷ.Э. ҳуҷҷатҳои қалбакии борхат, санад ва декларатсияи бори гумрукии қаблан барои бензин воридшударо гирифта, 41 тоннаю 540 литр сӯзишвориро ҳамчун маҳсулоти ҶДММ “Газпром-Нефт Тоҷикистон” ғайриқонунӣ ба шаҳри Душанбе интиқол медиҳад: “Тибқи мактуби ҶДММ “Газпром- Нефт Тоҷикистон” ҳуҷҷатҳои зикршуда қалбакӣ буда, аз ҷониби мутахассиси бақайдгирии ширкати мазкур шаҳрванд Н.М. ғайриқонунӣ тайёр карда шудааст”.
Ба иттилои ин ниҳод ташхиси озмоишгоҳи маҳсулоти нафтии “Тоҷикстандарт” муайян кардааст, ки дар дохили нақлиёти мазкур сӯзишвории навъи “бензин АИ-80” мавҷуд мебошад, ки мувофиқи мактуби шуъбаи пардохтҳо ва назорати арзии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе 129 ҳазору 177 сомониро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |