Боздошти мошини дипломати тоҷик баъди тирпаронӣ дар Питер (АКСУ ВИДЕО)
ВАО-и Русия аз боздошти “Mercedec S350” бо рақамҳои дипломатӣ дар Санкт Петербург хабар доданд, ки тибқи навиштаи онҳо ба Маҳмадназар Мирзода, консули фахрии Тоҷикистон дар Санкт Петербург тааллуқ дорад.
Тибқи иттилои “Фонтанка” таъқиби мошини дипломатӣ бо рақамҳои 900D099 78 шаби 31-уми март дар пайи тирпаронӣ дар кӯчаи Благодатнийи Петербург оғоз шуд: “Панҷ мошини пулис дар пайи таҳқиб тавонистанд дар назди тарабхонаи “Царский двор”, дар буриши кӯчаи Гагарин ва Бассейной “Mercedec S350”-ро боздошт кунанд. Ронанда ва мусофиронро аз он берун накардаанд, зеро рақамҳои сурх ба онҳо ҳуқуқи дахлнопазирӣ медиҳанд”.
ВАО-и Русия мегӯянд, муайян шудааст, ки рақамҳои мазкур ба Маҳмадназар Мирзодаи 58-сола, консули фахрии вақти Тоҷикистон дар Петербург дода шудаанд.
Расонаҳои рус сабаби боздошти мошини дипломати тоҷикро шарҳ надода, танҳо таъкид кардаанд, ки таъқиби мошин шоми 31-уми март баъди тирпаронӣ дар кӯчаи Благодатний оғоз шудааст, ки гуфта мешавад, дар пайи он як шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |