Дарси шариат ба бонкдорони Тоҷикистон: Хидмат ба мардум сарфи назар аз дину оин
Бонки миллӣ ва Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ (IFSB) бори сеюм барои бонкдорони кишвар семинари омӯзишӣ дар мавзӯи бонкдории исломӣ ташкил карданд, ки 31-уми март анҷом ёфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки Милллӣ коршиносони Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ ба масъулини бонкҳои Тоҷикистон масълаи ташкили ҳисобдорӣ ва аудит барои созмонҳои молиявии исломӣ, масъалаҳои шариат ва чорчӯбаи қонунгузорӣ дар ин гуна ташкилотҳо, нақши машваратчиёни шариат ва талаботи фаъолият дар он, меъёрҳо ва принсипҳои асосии ҷорӣ кардани хизматрасонии молиявии исломиро таълим доданд.
Сироҷиддин Икромӣ, муовини раиси Бонки Миллӣ дар шарҳи аҳамияти чунин дарсҳо изҳор дошт, ки “шиносоӣ бо мафҳум ва асосҳои бонкдории исломӣ, меъёрҳо оид ба кифоятии сармояи институтҳои молиявии исломӣ, тартиби бастани шартномаҳо тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ, меъёрҳои мақбули ташкилотҳои қарзии исломӣ барои танзимгарон ниҳоят муҳим аст, зеро маълумоти бардошташуда дар ҷараёни таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои қарзии исломӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Инчунин, омӯзиши мавзуҳои баҳодиҳии хавфи қарзӣ барои шарикони гуногун, хавфҳо дар сармоягузорӣ аз рӯи усули тақсими фоида, хавфи бозорӣ ва хавфҳои амалиётӣ ҷиҳати дар оянда дуруст ба роҳ мондани назорат ва танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ маълумоти хеле муҳим арзёбӣ мегардад”.
Хонум Нагва Шейҳ Илдин Муҳаммад Ҳусейн, роҳбари Ҳайати намояндагии Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ дар хитоб ба бонкдорони кишвар гуфт, айни замон, низоми бонкдории исломӣ дар ҷаҳон мавқеи хосро пайдо намуда, диққати низоми бонкии анъанавиро ба худ ҷалб кардааст: “Семинари мазкур иқдоми амалии сафарбар кардани қувваи зеҳнӣ ҷиҳати воқиф шудан аз меъёрҳои бонкдории исломӣ буда, ба рушди минбаъдаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият мебахшад. Ба ҳамаи иштирокчиёни омӯзиш барои истифодаи дониши азхудкарда дар таҷриба комёбиҳо орзумандам”.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти бонки исломӣ амал мекунад, ки айни замон, якчанд санадро таҳия намуда, дар доираи лоиҳаи грантии Бонки Исломии Рушд бо ширкати консалтингии байналмилалӣ “ISRA” (Малайзия) барои таҳияи заминаи танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Бонкдории исломӣ ягона низоми молиявиест, ки дар асоси қоидаву рукнҳо ва қонунҳои шариат новобаста ба таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ фаъолият мекунад. Хизматрасонии муштариён аз ҷониби бонкҳои исломӣ тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ амалӣ мегардад, ки асосан барои қонеъ гардонидани талаботи ҳаррӯзаи мардум новобаста аз дину оин равона шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |