Президент рамзи «Соли ҷавонон»-ро тасдиқ намуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз миёни якчанд намуди рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомони ҷавон беҳтарин рамзи «Соли ҷавонон»-ро интихоб кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки рамзи мазкур намуди доирашакл дорад: “Дар атрофаш ҳалқаи сабз тасвир ёфтааст, ки аз сарсабзии кишвар ва озодии ҷавонон шаҳодат медиҳад. Дар ҳалқа матни «СОЛИ ҶАВОНОН» ва «2017» ҷойгир шудааст, ки ифодагари моҳияти рамз мебошад. Дар мобайни рамз курраи замин, дар рӯи он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами миллӣ ва тоҷ ҷойгир буда, аз ягонагӣ ва соҳибистиқлолии давлат далолат медиҳад”.
Манбаъ шарҳ дод, ки дар болои харитаи Тоҷикистон ба таври рамзӣ се нафар ҷавонони дастбадаст бо рангҳои ҳамшабеҳи Парчами миллӣ тасвир ёфтаанд, ки ифодагари муттаҳидӣ, хушбахтӣ ва созандагии насли наврас мебошад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур бо пешниҳоди акси рамзи тасдиқшудаи “Соли ҷавонон» афзуд, ки вазорату идораҳо, муассисаву ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи мазкур истифода намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |