Тамдиди муҳлати ҳабси 4 зодаи Тоҷикистон, ки дар таъсиси “Роҳ ба сӯи давлати исломӣ” муттаҳам мешаванд
Додгоҳи вилояти Свердловски Русия муҳлати ҳабси чор зодаи Тоҷикистонро, ки бо иттиҳоми таъсиси созмони интернетии “Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ” муттаҳам мешаванд, то 9 май тамдид кардааст.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, Мустафо Нуралиев, Садриддин Насриддинов, Зокир Юсупов шаҳрвандии Русияро дошта, Абдурашид Ҷовидӣ табааи Тоҷикистон аст. Тафтиши парвандаро муфаттишони раёсати Хадамоти федеролии амният ё ФСБ дар ихтиёр доранд.
Павел Погорелкин, ҳимоятчии Мустафо Нуралиев ба хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, зерҳимояаш худро бегуноҳ ҳисобида, қасд дорад нисбати қарори баровардашуда дар бораи боздошташ шикоят барад: “Ӯ намедонад, ки барои чӣ боздошт шудааст”.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, Юсупов ва Насриддинов ба гуноҳи худ пурра иқрор шудаанд.
Дар бораи боздошти аъзоёни ташкилоти террористии “Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ” Хадамоти амнияти федералии вилояти Русия моҳи августи соли гузашта иттилоъ дода буд: “Дар вилоятҳои Свердловск, Челябинск ва Тюмен аз ҷониби кормандони пулис моҳи август кофтукоби ин гурӯҳро ба роҳ монда, билохира онҳоро боздошт карданд. Муфаттишон компютер, телефонҳои мобилиро бо таблиғи ҳаргуна навору адабиётҳои экстремистӣ, кортҳои бонкӣ, инчунин се таппонча, чор норинҷак ва наздики 500 грамм маводҳои тарканда ва якчанд маводҳои дигар дарёфт карда буданд. Боздошти умумии ин гурӯҳ 69 нафар буда, аъзоёни ташкилот дар дигар кардани идеологияҳои ҷавонон машғул буданд. Дар натиҷа, муайян карда шуд, ки 4 шаҳрванди шаҳри Екатеринбург низ дар ин кор даст доранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |