Ленг Ҷеймси амрикоӣ дар Душанбе ҷиноят содир кардааст.
Тавре ба оҷонсии иттилоотии «Озодагон» Маҳмадулло Асадуллоев иттилоъ дод, ин меҳмони амрикоӣ рӯзи гузашта, ба хонаи шаҳрванд Нигина Романова, ки муваққатан дар он ҷо ба сар мебурд ворид гашта, соҳибхонаро зери мушту лагад гирифтааст. Гуфта мешавад, Ленг Ҷеймс Скотти 53 сола, менеҷери ширкати «Тивай» дар ҷумҳурии Украина будааст.Зимнан, аз латукӯби Ҷеймс, Романова ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст. Айни замон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти қазия идома дорад.
Мӯҳр