Мард ҳамсарашро кушта, ҷасадашро оташ задааст
Як сокини 38-солаи ноҳияи Ёвон аз сӯи кормандони пулис бо иттиҳоми анҷом додани куштор боздошт шудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дастгиршуда шаби 27 ба 28-уми майи соли 2016, дар манзилаш баъди муноқиша бо ҳамсари 27-солааш ӯро латту кӯб намуда бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст: “Сипас, бо мақсади рӯйпуш намудани ҷинояти содирнамудааш, ҷасади ҳамсарашро дар мавзеи заминҳои чарогоҳи деҳаи Навободи ноҳияи Ёвон бо истифодаи сӯзишвории бензин оташ зада, қисми боқимондаи ҷасадро ба дохили халта ҷой карда, гӯронидааст”.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |