“Контбонк” аз ҳаққи иҷрои амалиёти бонкӣ маҳрум шуд
Бонки миллӣ иҷозатномаи Бонки сармоягузории “Конт”-ро бозхонд кардааст.
Бино ба иттилои расмӣ, қарори бозхонд аз сӯи Раёсати Бонки миллӣ 29 март тасвиб шудааст. Торнамои Бонки миллӣ мегӯяд, “иҷозатномаҳои ҶСП БС “Конт” барои иҷрои амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ аз 27 июли соли 2011 ва барои иҷрои амалиёти кассавӣ аз 11 январи соли 2012 бозхонд карда шуд”.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон бо ин қарор Ҷамъияти саҳомии пушидаи “Бонки Осиё” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ соҳиби иҷозатнома гардидааст.
Бонки сармоягузории “Конт” соли 2011 таъсис ёфт ва онро ба Бобаки Занҷонӣ, миллиардери зиндонии эронӣ мансуб медонистанд. Аммо соли 2013 баъди он ки Вазорати молияи ИМА ба гумони шустушӯи пулӣ ва рахна кардани таҳримҳо алайҳи Эрон аз сӯи “Конт” фаъолиятҳои онро таҳти таҳрим қарор дод, масъулони бонк дар Душанбе изҳор доштанд, Занҷонӣ дар таъсиси бонк саҳм дошт, вале баъдан саҳмияҳояшро ба як шаҳрванди Туркия дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |