Духтари президент гуфт, барои кораш дар Қасри Сафед маош намегирад
Иванка Трамп, духтари Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мушовири махсуси президент мегардад.
Қасри Сафед дар як изҳорот мегӯяд, Иванка уҳдадор аст, меъёрҳои ахлоқиеро, ки барои хидматчиёни давлатӣ дар Амрико пешбинӣ шудааст, риоя кунад.
Ин хабар ҳамагӣ чанд соат баъд аз номаи сенаторҳои демократ ба Идораи федеролии умури ахлоқии Амрико паҳн гардид. Дар нома аз бархӯрди эҳтимолии манфиатҳо дар робита ба кори давлатии духтари президент ва фаъолияти соҳибкории ӯ изҳори нигаронӣ мешуд.
Сенаторҳо савол гузоштаанд, ки оё духтари президент бояд идораи дороию тиҷораташро ба шахсони мустақил вогузорад ё ин ки набояд вазифаи мушаххаси давлатиеро ба зимма гирад.
Иванка Трамп гуфт, дар вокуниш ба чунин танқидҳо тасмим гирифтааст, ки дар маъмурияти падараш мақоми расмиеро ишғол кунад ва "ҳамаи меъёрҳои ахлоқӣ"-ро ихтиёран анҷом медод. Ӯ гуфтааст, ки барои кори давлатияш маош нахоҳад гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |