Баррасии мубориза бо ифротгароии динӣ дар Тошканд
Намояндагони мақомоти қудратии Тоҷикистон имрӯз, 30-юми март бо ҳамтоёни дигарашон аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мубориза бо терроризм ва ифротгароии диниро баррасӣ мекунанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти СҲШ мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ аз мавзӯъҳои меҳварӣ дар ҷаласаи сиюми Шӯрои минтақавии сохторҳои зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд мебошад: “Ҳамоҳанг кардани амалиёти мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ алайҳи хатарҳое дар назар аст, ки имкон дорад дар натиҷаи фаъолияти тахрибкоронаи ҷараёнҳои ифротгароёнаи динӣ ба миён оянд”.
Дар мулоқот намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия ва Узбакистон иштирок доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |