Ёрии 5 миллион долларии Покистон ба Тоҷикистон
Покистон барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар Тоҷикистон дар ҳаҷми 5 миллион доллари амрикоӣ кумаки молӣ мерасонад. Ин нуктаро Тариқ Иқбол Сумро, сафири Покистон дар Душанбе шоми 29 март дар маҳфиле бахшида ба Рӯзи миллии Покистон изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ин кумак барои барқарор намудани хисороти аз фаромадани тармаҳо дар зимистони имсол расида ихтисос дода мешавад. “Покистон омода аст, ба кишвари бародари Тоҷикистон бо имкониятҳои пурра кумак расонад”,-таъкид намуд сафир.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар пайи боришоти зиёди барф дар моҳҳои январу феврал, ки сабаби фаромадани садҳо тарма дар қаламрави кишвар шуд, дасти кам 20 нафар ба ҳалокат расидаанд. Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, барои рафъи оқибатҳои офати табӣ кумак расонад. То имрӯз ёрии башардӯстонаи Русия ва Узбакистон ба кишвар расидааст.
Тариқ Иқбол Сумро зимни суханронӣ дар маросими таҷлил аз Рӯзи миллии Покистон бо таъкиди ин ки муносибатҳои дуҷонибаи Душанбе ва Исломобод ба маҷрои нави ҳамкорӣ ворид гардидааст, афзуд, солҳои охир ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ба таври назаррас такмил ёфтаанд: “Идомаи амалӣ намудани лоиҳаи долони иқтисодии Чин-Покистон, на танҳо Покистонро ба давлати иқтисодии минтақавӣ табдил медиҳад, балки тақдири минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро дар нақшаи инкишофи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ тағйир медиҳад”.
Ба гуфтаи сафир, барои мубориза бо экстремизм, терроризм ва дигар ҷиноёти байналмилалӣ ҳамкориҳои Покистону Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа ва амният таҳким ёфтаанд.
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳам зимни суханронӣ дар Рӯзи милли Покистон гуфт, ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар самти мубориза бо ифротгароиву терроризм ва ҷиноятҳои мутташакили фаромилӣ беш аз пеш тақвияту густариш меёбад. Ӯ изҳори борӣ кард, ҳамкориҳои созандаи Душанбеву Исломобод “барои дарки амиқи заминаву иллатҳои терроризму ифротгароӣ ва пайдо кардани роҳҳои муассири пешгирӣ аз ҳама гуна чолишҳои амниятӣ бо муваффақ идома хоҳад ёфт”.
Ба гуфтаи Аслов, яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон густариши ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Покистон мебошад ва Душанбе талош мекунад, ҳамкориҳои ду кишвар дар ин самт ҷавобгӯи имконоту ниёзмандиҳои ду ҷониб бошад: “Ҳамкориҳои судманди мо дар бахшҳои энергетика, аз ҷумла дар ҳошияи татбиқи тарҳи CASA 1000, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба маҳсуб меёбад, ҳамчунин имкони истифодаи инфрасохтори нақлиётии Покистон ба воситаи бандарҳои Қарочӣ ва Гвадар ҷиҳати ҳамлу нақли борҳо ба Тоҷикистон ва барқарор намудани хатсайрҳои ҳавоӣ ва зиёдшавии гардиши моли ду кишвар ба рушди тиҷорати хурду бузург саҳми арзанда хоҳанд гузошт”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |