Бахшҳо
29 мар 2017 13:19Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Эълони айби ниҳоӣ ва шоҳидии яке аз муттаҳамони қазияи Хованское

Кумитаи тафтишотии Русия имрӯз, 29-уми март аз анҷоми тафтиш алайҳи 16 муттаҳам дар муноқишаи қабристони Хованское ва эълони айби ниҳоӣ хабар дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотӣ миёни муттаҳамон Юрий Чабуев, раҳбари пешини қабристони “Хованское”, Никита Мошенко, корманди собиқи пулиси Маскав ва Александр Бочарников мебошанд, ки алайҳашон вобаста ба саҳмашон дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки бо марг анҷомидаст, айб эълон шудааст.

Кумитаи тафтишотӣ мегӯяд, муноқишаро Юрий Чабуев ва Александр Бочарников ташкил кардаанд: “Яке аз муттаҳамон гуноҳашро иқрор кард ва шоҳидӣ дод, ки гуноҳи дигаронро низ дар ин қазия исбот мекунад”.

Бино ба иттилои муфаттишон Чабуев, Макарев ва Бочарников ин муноқишаро бо мақсади бо роҳи зурӣ берун кардани муҳоҷирони тоҷик аз қабристони Хованское ташкил намуданд.

Додгоҳ моҳи ноябри соли 2016 муҳлати ҳабси муттаҳамон дар қазияи Хованск- Юрий Чубаев, Сергей Козлов, Владимир Колесников, Элбек Вадуев, Никита Мошенко, Артур Ҳоҷихонов, Бочарников, Вадуев, Александр Мережко, Борис Рудаков, Вячеслав Серов, Зелимхан Хамзатханов, Элихану Яҳёев ва Леч Яҳёевро то 14-уми марти соли 2017 тамдид карда буд. Иттиҳоми куштор алайҳи ташкилкунандагони муноқишаи Хованск, ки 14-уми майи соли 2016 бо марги се тоҷик анҷомида буд, бекор гардида буд.

Қаблан “Комерсант” аз қавли манобеяш навишта буд, ки барои муфаттишон то ҳол ҷузъиёти марги Суҳроб Хушаков, яке аз се шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон дар Хованск рӯшан нест: “Ташхиси аввалия нишон дод, ки Хушаков аз қалбаш тир хӯрда ҷон додааст. Аммо ҷасадаш на дар қабристони марказии Хованск, балки дар шимоли он ёфт шудааст, ки роҳи пиёдагард аз макони муноқиша то ҷои дарёфти ҷасад як соат вақт мегирад”.

Тибқи навиштаи “Комерсант” ташхисгари судӣ изҳори шубҳа кардааст, ки Хушакови 26-сола ба муноқишаи 14-уми май рабт дорад ва эҳтимол ӯ шаби пеш аз муноқиша кушта шудааст: “Ду нафари дигар-Ризоев Иноят Қаноатович соли таваллудаш 1977 ва Собиров Сайнуриддин Нозилович соли таваллудаш 1974 зери чархи мошини аъзои “Здоровая нация” ба ҳалокат расидаанд”.

Дар ҳоле, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳадафи ҳамла қарор гирифта буданд мақомоти Русия 5 тоҷик - Бӯриев Ҳоҷиқурбон Фозилович, Чақалов Ҷомӣ Хоҷаевич, Юнусов Диловар Муҳаббатович, Аҳмадов Шоймардон Аъзамович ва Садриддинов Раҳмиддин Бадриддиновичро бо иттиҳоми авбошӣ ба ҳабс гирифта буд ва тафтишот алайҳи онҳо низ феълан идома дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)