Пешниҳоди маҳрумият аз шаҳрвандии Қазоқистон барои “барангехтани адоват”
Таъийни ҷазо бар асоси моддаи 174-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон “Барангехтани адовати иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, диниву мазҳабӣ” мумкин аст, маҳрумият аз шаҳрвандии ин кишварро низ дар бар гирад. Дар ин бора Вазорати адлияи Қазоқистон хабар медиҳад. Пешниҳоди мазкур ва чанд иловаи дигар дар лоиҳаи қонун дар бораи тағйиру иловаҳо ба чанд санади ҳуқуқӣ шомил шудааст.
Дар ҳоли ҳозир тибқи ин модда ҷазо дар намуди зиндон аз 5 то 10 сол таъйин шудааст. Феълан, бар асоси қонунгузории Қазоқистон, барои ширкат дар ҷангҳои мусаллаҳона мумкин аст шаҳрвандии ин кишварро аз даст дод.
Вазорати адлияи Қазоқистон пешниҳод дорад, ки барои "анҷоми амали террористӣ ва содир кардани ҷинояти сангин зидди манфиатҳои Қазоқистон" низ шаҳрвандии ин кишвар бекор карда шавад. Ин пешниҳод дар 15 моддаи Кодекси ҷиноятии Қазоқистон шомил хоҳад шуд.
Ба гуфтаи муовини вазири адлияи он кишвар Зауреш Баймолдин, тасмими ниҳоиро дар ин маврид президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хоҳад гирифт. 4 апрел вазорати адлия тасмим дорад, ки шакли ниҳоии лоиҳаи мазкурро оммавӣ кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |