Паёмадҳои сербарфӣ дар Бадахшон: Сел, тарма роҳбандӣ... (АКС)
Боридани барфи зиёд дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ҳодисаҳои дигари табииро эҷод кардааст. Аз ҷумла бар пайи барфи зиёд шабу рӯзҳои ҳафтаи ахир дар минтақаҳои гуногуни вилоят фаромадани селу тарма боиси баста шудани роҳҳо ва эҷоди мушкилоти дигар барои мардуми ин минтақа шудааст.
Нилуфар Асламшоева, сухангӯи ҳукумати вилоят ба “Озодагон” гуфт, дар робита Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ ҷаласаи фаврӣ баргузор намуда, “масоили барқароркунии оқибатҳои офатҳои табиии бар асари боришоти рӯзҳои охир дар вилоят рухдода ва пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ”-ро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Маркази обу ҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки то 8 апрели соли равон боришоти беисти борони омехта бо барф дар назар аст. Дар ҷаласаи фаврии ҳукумати ВМКБ зарурати ташкили навбатдории шабонарӯзӣ дар ҳамаи идораву муассисаҳо ва мақомоти маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зикр шудааст.
Наим Мираков, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии вилоят дар ин ҷаласа иттилоъ додааст, ки соати 09:05-и субҳи 28 март бар асари фаромадани сел дар километри 461-уми ҳудуди ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷ, ки як қисмати шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма-Қароқурум ба ҳисоб меравад, роҳ баста шуда, ҳаракати наҳлиёт муваққатан катъ гардидааст. Гуфта мешавад, ба ин мавзеъ техникаҳои зарурӣ барои тоза кардани роҳ сафарбар шудаанд.
Ҳамчунин дар километри 24-уми роҳи Хоруғ-Ишкошим дар ҳудуди деҳаи Нишуспи ноҳияи Шуғнон тарма роҳи нақлиётгардро бастааст. Тарма инчунин дар километри 8-уми роҳи Хоруғ-Роштқалъа низ дар ҳудуди деҳаи Курцбогени ноҳияи Рошткалъа роҳро бастааст, ки ин роҳро дар фурсати кутоҳ боз кардаанд.
Дар мавзеи Ниводаки шаҳри Хоруғ низ шаби 28 март тарма фаромадааст, ки дар натиҷа ба 6 хона хисорот ворид кардааст. Ба иттилои Ҷумъа Ҷумъаев, муовини аввали раиси шаҳри Хоруғ, истиқоматкунандаҳои хонаҳои зарардида муваққатан дар манзили хешу таборашон ҷойгир шудаанд. Раиси вилоят ба ҳукумати шаҳри Хоруғ дастур додааст, атрофи хонаҳои зарардидаро аз барфу тарма тоза кунад ва ҳамчунин мардумро аз сар задани хатарҳои эҳтимолӣ ҳушдор бидиҳанд, то дар таҳлука наафтанд.
Нилуфар Асламшоева мегӯяд, “дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин ҷиҳати таъмини сокинони водии Бартанги Рӯшон бо маводи озуқавории мавриди ниёзи аввал ва таъмини сокинони деҳоти дурдасти ноҳияи Шуғнон ба хўроки чорво дастур дода шудааст”.
Ӯ афзуд, дар водии Бартанг бар асари лағзиши кӯҳпораҳо роҳҳо баста шудааст, ки барои тоза кардани роҳ Муассисаи нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят масъул карда шудааст.
Шодихон Ҷамшед гуфтааст, бо далели тӯлонӣ омадани зимистони имсола дар деҳоти дурдасти Веру Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон камчинии хӯроки чорво ба вуҷуд омадааст. Дар ин замина раиси ВМКБ бо муовини сарвазири кишвар Маҳмадтоҳир Зокирзода ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин суҳбати телефони мувофиқа шудааст, ки барои пешгирии талафоти чорво аз навоҳии Ёвону Ҳамадонии вилояти Хатлон ба ВМКБ хӯроки чорво интиқол дода мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |