Милиса: Ҷинояткор худро “қаҳрамон” гуфту барои наҷоти маст мошин хост
Мақомоти милиса аз боздошти марди 49-сола дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд, ки дар тарабхона марди мастро латукӯб карда, барои хонаводаи ҷабрдида худро наҷотдиҳанда муаррифӣ кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ боздоштшуда 3-юми март тахминан соати 22:00 дар ошхонаи “Маҳфуз”, воқеъ дар маҳаллаи Бофандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокини 36-солаи ноҳияи мазкурро, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, лату кӯб кардааст: “Баъди кӯфтан ҷабрдидаро ба ҳавлии истиқоматиаш оварда, изҳор доштааст, ки гӯиё ӯро аз дасти шахсони номаълум бар ивази 500-доллари амрикоӣ наҷот додааст”.
Манбаъ афзуд, муттаҳам, ки қаблан бо моддаҳои 200 ва 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи тамаъҷӯӣ автомашинаи шахсии ҷабрдида тамғаи “ВАЗ-2107”-ро ба ивази «хизматаш» талаб кардааст: “Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |