Додгоҳ Навалнийро 20 ҳазор рубл ҷарима баст
Додгоҳи ноҳияи Твери Маскав Алексей Навалнийро дар баргузор намудани гирдиҳамоии ғайриқонунӣ муҷрим шинохта, ба 10 рӯзи ҳабс ва 20 ҳазор рубл ҷарима маҳкум кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин мухолифи ҳукумати Русия зимни баррасии қазияаш гуфтааст, ки худро бегуноҳ мешуморад.
ИМА ВА ИТТИҲОДИ АВРУПО ХОСТОРИ РАҲОИИ НАВАЛНИЙ ВА МУЪТАРИЗОНИ ДИГАР ШУДАНД
Иттиҳоди Аврупо ва Департаменти давлатии ИМА боздошти садҳо нафарро дар рӯзи гирдиҳамоии Русия маҳкум кардаанд.
Марк Тонер, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи расмии департаменти Амрико дар номае унвонии “Интерфакс” гуфтааст, Иёлоти муттаҳидаи Амрико боздошти садҳо эътирозгари осоиштаро рӯзи якшанбе дар тамоми қаламрави Русия маҳкум мекунад. “Боздошти эътирозгарони осоишта, ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистон мухолифи арзишҳои муҳими демократия ҳастанд".
Тонер дар идома ба боздошти Алексей Навалний, мухолифи аслии Путин ҳам дахл карда, изҳор доштааст, ИМА қазияи боздоштҳоро пайгирӣ намуда, аз ҳукумати Русия раҳоии тамоми эътирозгарони осоиштаро талаб мекунад.
Хадамоти сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо низ бо нашри як изҳорот аз Русия хостааст, тамоми боздоштшудаҳоро раҳо кунад.
Алексей Навалний рӯзи гузашта ҳангоми эътирози ҳазорон нафар дар пойтахти Русия аз сӯи пулис боздошт шуд. Кира Ярмиш, сухангӯи Навалний 26 март дар Твиттераш навишт, Навалний то фардо дар шӯъбаи пулис мемонад: “Рӯзи душанбе суд доир мешавад”.
Бино ба хабарҳо пулис рӯзи гузашта дар саросари Русия ҳазорҳо нафарро боздошт кардааст. Гуфта мешавад, танҳо дар Маскав бештар аз 700 кас дастгир шудааст.
Алексей Навалний, мухолифи сарсахти ҳукумати Русия ва бунёдгузори Фонди мубориза бо коррупсия аввалҳои моҳи ҷорӣ бо нашри наворе дар Интернет Дмитрий Медведев, нахуствазири Русияро дар доштани дороиҳои ҳангуфт муттаҳам намуд. Дар пайи он вай аз мардум даъват кард, 26 март дар саросари Русия гирди ҳам омада, алайҳи мубориза бо коррупсия садо баланд кунанд. Аммо мақомоти бештари шаҳрҳои бузурги Русия барои баргузор кардани гирдиҳамоӣ иҷозат надоданд. Бо вуҷуд бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ рӯзи гузашта ҳазорҳо нафар ба кӯчаҳо баромада ва зидди фасод шиор додаанд.
Аксҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |