Гардиши нав дар қазияи қатли духтари 17-сола: Боздошти мудири шуъбаи ташхис
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба қатли духтари 17-сола дар шаҳри Турсунзода мудири 62-солаи шуъбаи ташхиси судӣ-тиббии ин шаҳр боздошт гардид.
Тибқи иттилои ВКД боздоштшуда дар додани гувоҳии бардуруғ муттаҳам мешавад: “Муттаҳам ҳангоми гузаронидани ташхиси судӣ-тиббии ҷасади духтари 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сешанбе, дидаву дониста, ки ӯ аз захмҳои халандаю буранда ба қатл расонида шудааст, хулосаи бардурӯғи ташхиси суддӣ-тиббӣ додааст, ки гӯё духтари ноболиғ даст ба худкушӣ зада, худро бо роҳи оташзанӣ ба ҳалокат расонидааст”.
Манбаъ афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, хабарҳо дар бораи ин ки кормандони пулис куштори як сокини Турсунзодаро худкушӣ унвон кардаанд, асос надоранд.
Бино ба иттилои торнамои расмии ин ниҳод, “оиди куштори шаҳрванди ноболиғ, сокини шаҳри Турсунзода И.Н. дар рӯзи 02.02.с.2017 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин маълум менамояд, ки дар баъзе аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабари нодуруст паҳн гашт, ки гӯё ШВКД дар шаҳри Турсунзода ҷинояти мазкурро пинҳон карда, ҳамчун ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта бошад”.
Манбаъ мегӯяд, аз рӯзи аввали содиршавии ин ҳодиса кормандони пулиси шаҳри Турсунзода онро пайгирӣ намуда, дар якҷоягӣ бо мақомоти додситонӣ дар кушодани ҷиноят иштирок намудаанд: “Кормандони милитсия санҷишро баъди бақайдгирии ҳодиса боз надошта, аз рӯи фарзияҳо корро давом дода, чанд нафар шахсонеро, ки бо марҳум алоқамандӣ доштанд, мавриди коркарди оперативӣ қарор дода, бо бурдани корҳои оперативӣ рӯзи 09.02.с.2017 гумонбарони ин ҷинояти мудҳишро ошкор намуда, ба мақомоти прокуратура пешниҳод карданд”.
Дар идомаи ин хабар омадааст, ки “милитсия ҳеҷ гоҳ ҷиноятеро пинҳон намекунад ва ҳама вақт кӯшиш менамояд, ки мушкилкушо ва ҳамроҳи мардум бошад”.
Бино ба иттилои расонаҳо, дар робита ба қатли ваҳшиёнаи духтари 17-сола ду хонандаи мактаб боздошт шудааст. Онҳо дар куштор ва сӯзондани ҷасади духтар муттаҳам мешаванд. Тафтишот дар ин замина идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |