Муҳоҷирон матни таронаи маъруфи гуруҳи укроинии “Грибы” бо номи “Тает лед”-ро тағйир дода, аз мушкили худ дар муҳоҷират мехонанд: “Между нами тает лед, ФМС нас теперь не найдет, Мы промокнем под дождем, Но семье деньги переведем".
Идеяи видеоклип ҳам монанди клипи асл таҳия гардида, бинандаҳояш ба таври бесобиқа зиёд мешаванд. Аз замони нашр (23 март) то ин соат он 313 184 маротиба тамошо шудааст.
Таронаи асли “Тает лед”-и гуруҳи “Грибы” низ, ки 10 март мунташир шуд, то имрғз ҳудуди 18 миллион бор дида шудааст.