Отамбоев гуфт, дар Қирғизистон инқилоби севум намешавад
Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон аснои ифтитоҳи боғе ба хотири ҳодисаҳои марти соли 2005, ки ба тағйири ҳукумат дар ин кишвар сабаб шуда, номи “Инқилоби лолаӣ”-ро гирифт, гуфт, дар Қирғизистон инқилоб намешавад. “Медонед, дар нишасти хабарӣ бо президенти Русия Владимир Путин шояд шӯхии ноҷое карда бошам, вале инқилоби севум дар Қирғизистон намешавад. Зеро Қирғизистон ҳоло тамоман як кишвари дигар аст ва барои инқилоб асосе ҳам вуҷуд надорад. Таҳрикдиҳӣ кор намедиҳад. Ҳар касе таҳрик медиҳад, дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт”, - афзуд Отамбоев.
Рӯзи 28 феврал Отамбоев дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои русаш дар шаҳри Бишкек гуфта буд, ба инқилобҳо дар Қирғизистон нуқта гузоштааст. Ду президенти пешини Қирғизистон - Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев дар натиҷаи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ сарнагун шуда, аз кишвар фирор карданд. “Раҳбари ҳар дуи инқилобҳо Отамбоев буд. Соли 2005 низ гуруҳе, ки “Кохи сафед”-ро гирифт, бо саҳми Отамбоев комёб шуд ва соли 2010 низ, агар дар ёд дошта бошед, шаҳрвандони хашмгин дар назди бинои “Форум” ҷамъ омада буданд. Агар инқилоби севум... Ман ин корро нахоҳам кард”, - изҳор дошт он замон президенти Қирғизистон.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |