Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи террористии Лондон
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ дар пойтахти Бритониёи Кабирро, ки чор кушта бар ҷой гузошт, маҳкум кардааст.
Ин ниҳод бо нашри як изҳорот, бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикону пайвандони қурбониён ва маҷруҳон гуфтааст, “мо ин амали ғайриинсонии интиҳориро қатъиян маҳкум менамоем”.
Дар идомаи изҳороти ВУХ-и Тоҷикистон ба “зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеона бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ” таъкид гардидааст.
Рӯзи 22 март дар шаҳри Лондон марде савори мошин роҳгузаронро зер намуда, баъдан дар назди парлумон як афсари пулисро бо корд захмӣ кард. Ҳамлавар аз тири кормандони пулис ба ҳалокат расид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |