Ню Йорк: Аслов аз афзоиши офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон гуфт
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон 22 март дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню Йорк дар бораи афзоиши офатҳои табиӣ ва обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон суҳбат кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Аслов ба ҳайси маърузачии асосӣ дар чорабинии махсус таҳти унвони "Фаъолияти афзалиятнок оид ба захираҳои об ва офатҳои табиӣ дар даҳсолаи оянда" дар қароргоҳи СММ суханронӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ вазири корҳои хориҷӣ ба афзоиши назарраси офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки боиси зарар дидани аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар мегарданд, таъкид намуд. Аслов инчунин аз афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи экологӣ дар кишвар, аз ҷумла обшавии миқдори зиёди барфу пиряхҳо ёдовар гардидааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ вазири умури хориҷии Тоҷикистон изҳори умедворӣ намудааст, ки Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои рушди устувор, 2018-2028" ба таҳкими иқтидор ва табодули таҷрибаву дониш, баланд бардоштани ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи офатҳои табии вобаста ба об кӯмак хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |