Бахшҳо
20 мар 2017 16:29Тоҷикистон / Сиёсат

Интиқоди Президент аз театр ва супориш барои рушди кинои тоҷик

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 20-уми март мулоқоташро бо зиёиён аз паёми шодбошӣ ба муносибати иди Наврӯзи бостонӣ оғоз намуда, таъкид кардааст, ки ҳисси ифтихори миллии наслҳоро бедор сохтан ва дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ асолат ва арзишҳои миллиро ҳифз кардан рисолати ҳар як зиёии ватандӯст ба шумор меравад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот изҳор доштааст, ки мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба аҳли зиё такя карда, ташаббусҳои созандаи онҳоро пайваста дастгирӣ менамоем: “Зеро зиёиён ҳамчун нерӯи фаъолу тавонои ҷомеа метавонанд дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нақши басо арзишманд гузоранд ва манфиатҳои милливу давлатиро содиқона ва қотеъона ҳифз намоянд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зикр кардааст, ки 2017 Соли ҷавонон эълон шудааст: “Бовар дорем, ки шумо, аҳли зиё, ташаббусҳои насли ояндасозро дасгирӣ карда, дар қалби ҳар як наврасу ҷавон ҳисси миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиро бедор месозед, онҳоро ба роҳи омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон - Тоҷикистон ҳидоят менамоед. Мо бояд ба зиёиёни ҷавон роҳи васеъ кушода, барои онҳо имконият фароҳам орем, ки дастоварду ихтироот ва маҳсули эҷоди худро ба дигарон муаррифӣ созанд”.

Аҳамияти илму амал

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки танҳо робитаи мустаҳками илму амалия метавонад ба истеҳсолот таъсири мусбат расонад ва назарияву ихтирооти олимон дар амал татбиқ гарданд: “Аз ин рӯ, олимони моро зарур аст, ки ба омӯзиши проблемаҳои муосир ва кашфиёту ихтирооти ба истеҳсолот нигаронидашуда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Дар баробари ин, олимони соҳаи ҷомеашиносӣ низ бояд корҳои илмии худро ба самтҳои таъмини амнияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва огоҳ кардани аҳли ҷомеа аз таъсири хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир равона намоянд, зеро ин масъалаҳо торафт аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо карда, ба муносибатҳои байналмилалӣ ва суботу оромии сайёра таъсири амиқ гузошта истодаанд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ки дар марҳалаи ҳозира бо истифодаи самаранок аз имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла тавассути расонаҳои хабарӣ зеҳну ҷаҳонбинии мардум, алалхусус, наврасону ҷавононро ба тафаккури илмии прагматикӣ ва пешрафтаву амалгаро табдил додан вазифаи зиёиён мебошад.

Интиқоди Президент аз театр ва пешниҳод барои рушди он

Эмомалӣ Раҳмон бо зикри дастовардҳо дар соҳаи фарҳанг илова намудааст, ки ҳоло сатҳу сифати фаъолияти муассисаҳои фарҳангу фароғат ва фарогирии доираҳои гуногуни мардум ба чорабиниҳои фарҳангӣ ҳанӯз ҳам беҳбудӣ мехоҳад.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур яке аз бахшҳои дигари фарҳанг, ки ба дастгирӣ ва дар айни замон ба фаъолияти ҳамоҳангшудаи ҳамаи сохторҳои дахлдор дар самти рушди минбаъдаи он ниёз дорад, санъати театрӣ мебошад: “Санъати театрӣ метавонад таъриху тамаддун, арзишҳои миллӣ ва ҳаёти муосирони моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Сабаби асосии рушд накардани соҳа набудани асарҳои драмавии мувофиқ ба завқи тамошобини имрӯза мебошад. Бинобар дуруст фаъолият накардани Шӯрои бадеӣ дар назди Вазорати фарҳанг, ташкил нагардидани муҳокимаи асарҳои саҳнавӣ ва набудани талаботи ҷиддӣ нисбат ба интихоби асарҳои саҳнавӣ ба тамошобинон асарҳои каммазмун ва камаҳаммият пешкаш мегарданд. Дар натиҷа имрӯз шумораи тамошобин кам шуда, мавқеи театрҳо дар ҷомеа суст гардида истодааст. Тавре ки медонед, театрро оинаи ҳаёт мегӯянд ва ин навъи санъат бояд рӯҳи солим дошта бошад. Яъне барои театрҳои кишвар асарҳое таълиф бояд кард, ки рӯҳи қавии мардуми Тоҷикистонро ифода намоянд, ҳаёти осудаи халқро инъикос кунанд ва завқу ҳаваси тамошобинро ба зиндагӣ бештар гардонанд”.

Тибқи иттилои Эмомалӣ Раҳмон дар панҷ соли охир дар театрҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ 172 асар ба саҳна гузошта шудааст, вале онҳо ҳанӯз талаботи тамошобинро қонеъ карда наметавонанд: “ Қисми зиёди ин намоишномаҳо такрори ҳамдигар буда, аз лиҳози мазмуну муҳтаво якрангу якмаром мебошанд. Баъзе намоишномаҳо асарҳои тарҷумавӣ буда, аз рӯзгори мардуми мо дуранд ва тамошобин онҳоро хуб қабул карда наметавонад. Дар аксари саҳнаҳо мавзӯъҳои рӯз, воқеаву рӯйдодҳои даврони истиқлолият, ҳаёти мардуми тоҷик ва масъалаҳои маънавию ахлоқӣ кам мушоҳида мешаванд. Ба мисли дигар эҷодгоҳҳои бузург театр низ бояд ҷавобгӯи равандҳои мубрами ҳаёт бошад. Аз ин рӯ, адибони моро зарур аст якҷо бо ходимони театр асарҳои саҳнавие офаранд, ки ҳаёти гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷикро воқеъбинона ва рангин инъикос намуда, ҷаҳони маънавии тамошобинро ғанӣ гардонанд”.

Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки танҳо шахси аз таъриху фарҳанги миллати хеш бохабар, худшиносу худогоҳ ва дорои ҳисси баланди миллӣ дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор пайдо карда метавонад: “Вобаста ба ин, як нуктаи муҳимро хотирнишон месозам, ки фақат миллате, ки ба фарҳанги миллӣ эҳтиром мегузорад, ҳамеша ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳувияти миллиашро устувор менамояд ва собитқадамона пеш меравад”.

Кинои тоҷик ба завқи тамошобин мувофиқ нест

Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди кинои тоҷик гуфтааст, чунонки мебинем, аксари филмҳо ба завқи тамошобини имрӯза мувофиқ нестанд: “Бо дарназардошти чунин вазъ, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки дар муҳлати ду моҳ доир ба ворид кардани тағйирот ба қарори қабулкардаи худ аз 26 декабри соли 1997 ҷиҳати таъсиси сохтори алоҳида – Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва ба он ҳамроҳ намудани “Тоҷиккино” чораҷӯӣ намояд. Таъкид месозам, ки зиёиёни мамлакат ба масъалаи рушди соҳаи театр ва кино ҳамчун ҷузъи муҳимтарини ҳаёти фарҳангии кишвар набояд бетараф бошанд.Зиёиён каму костиҳои ҷомеаро аз ҳама пеш дарк мекунад ва барои рафъи онҳо тадбир меҷӯяд”.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ва хориҷ аз онро бо Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватан хонаи обод, бахту саодат ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу оромии ҷовидонӣ орзу намудааст.
Мӯҳр
Озодагон! Як одами бекор бошад ами хабари шмора ай аввалш то охирша бхона ма гуууш кунам...))))

сапожник
устод Убайдулло Рач,абова раиси точ,иккино монед .БаХудо хешам нест ,бах,унарай...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)