Тибқи иттилои расида масъалаи аслии ин нишаст мусоидат ба таҳияи стандартҳои нави таҳсилоти журналистӣ ва бо ҳамин роҳ таъмини рақобатпазирии мутахассисони соҳа аст, ки дар доираи лоиҳаи “Мутобиқгардонии стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ доир ба ихтисосҳои самти журналистӣ ба стандартҳои байналмилалӣ”, аз ҷониби Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст, амалӣ мегардад. Гузариши макотиби олӣ ба низоми дузинагӣ ва таҳсилоти кредитӣ яке аз талаботи муҳим дар Созишномаи Болония (Италия с. 1999) аст. Ба хотири ҳамгунсозии низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо системаи таҳсилоти кишварҳои дигар, бо мақсади воридшавии баробарҳуқуқ ба фазои таълимии байналмилалӣ ва суръат бахшидан ба ислоҳоти соҳаи маориф, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори №698 аз 22 сентябри с соли 2004 тасмим гирифтааст, ки донишгоҳҳои ҷумҳуриро тадриҷан ба низоми кредитии таҳсилот гузаронад.
Манбаъ афзуд, дар соли таҳсили 2008-2009 баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ки факултет ва шӯъбаҳои журналистика доранд, қисман ба низоми кредитии таҳсилот гузаштанд. Мутаассифона, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки ихтисосҳои журналистӣ доранд, бинобар фароҳам набудани шароиту имкониятҳои зарурӣ, дар гузариш ба ин низом ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯянд. Як мушкили умда то ҳанӯз мавҷуд набудани “Стандартҳои давлатии таълими ихтисосҳои журналистӣ” мувофиқи низоми кредитии таҳсилот мебошад.
Дар ҳамин ҳол, СҶ “Журналист” дар ҳамкорӣ бо роҳбарият ва устодони факултаву шӯъбаҳои журналистикаи донишгоҳҳо, Вазорати маорифи Тоҷикистон, журналистон ва коршиносони соҳа тасмим гирифтаанд, ки стандартҳои таҳсилотро дар ин соҳа омода карда, масъалаи мазкурро ҳал намоянд. Дар нишаст пас аз шунидани маърӯзаҳои мутасаддиён, коршиносон ва дастандаркорони татбиқи низоми кредитии таҳсилот, баҳсу мунозира, табодули афкор перомуни зарурати таҳияи “Стандарти давлатии таълимии ихтисосҳои журналистӣ” вобаста ба тақозои талаботи низоми кредитии таҳсилот сурат мегирад.Дар назар аст, ки барои омодасозӣ ва таҳияи Стандартҳои таълимии ихтисосҳои журналистӣ (ихтисоси “Журналистика” ва “Журналистикаи байналхалқӣ” ва тавсияҳо барои таҳияи стандартҳои дигар ихтисосҳои журналистӣ), гурӯҳҳои корӣ созмон дода шаванд. Ба мизи мудаввар ҳудуди 40 нафар коршиносон ва мутахассисони соҳа аз донишгоҳҳо, Вазорати маорифи Тоҷикистон, созмонҳои журналистӣ ва ВАО даъват гардидаанд.
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |