Сарозер шудани “Мерседес” бо 3 нафар ба дарёи Сир (АКС+ВИДЕО)

Аз болои пули “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд сабукрави щомили се нафар ба дарёи Сир афтод.
Аз Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Хуҷанд ба “Озодагон” гуфтанд, мошин нимашаби 18 ба 19-уми марти соли равон сарозер шудааст: “Ҳангоми ҳозир шудани гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ ба ҷойи ҳодиса муайян гардид, ки ронандаи нақлиёти тамғаи “Мерседес-Бенс”, рақами қайди давлатиаш 0008 СР 02 ТҶ Парвиз Мирзоев, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Хуҷанд зимни ҳаракат бо кӯчаи Гагарин аз самти маҳаллаи Пурчуқур ба самти маҳаллаи 31-ум чораҳои бехатарии ҳаракат дар роҳро наандешида, дар болои пули “Ҷашнӣ” ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба монеагири роҳ бархӯрда, аз болои панҷараи кӯпруки мазкур ба дарёи Сир афтодааст”.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа ронанда Парвиз Мирзоеви 28-сола ва Иброҳим Шомусалламови 22-сола, сокини шаҳри Душанбе дар об шино намуда, наҷот ёфтаанд: “Тақдири мусофири дигари нақлиёти мазкур, ки ҳоло аз ӯ Ҳамид ном бурда мешаваду шахсияташ пурра муайян карда нашудааст, номаълум боқӣ мемонад”.
Хабарнигори “Озодагон” дар Хуҷанд мегӯяд, аз субҳ то шоми 19-уми март дар гирду атрофи пули “Ҷашнӣ” садҳо нафар гирд омаданд, то бубинанд, масъулони ситоди ҳолатҳои фавқулода “Мерседес”-и зери об мондаро чӣ гуна берун меоваранд. Аммо бо гузашти беш аз 15 соат наҷотдиҳандаҳо барои берун кардани мошин муваффақ нашуданд.
Бино ба иттилои масъулини Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Хуҷанд наҷотдиҳандаҳо ва ғаввосон имрӯз барои берун кардани сабукрав дубора талош хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |