АКС: Оғози сохтмони 2 мактаби замонавӣ дар Душанбе
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе 17-уми март бо имзои паём ба наслҳои оянда сохтмони ду мактаби замонавӣ бо арзиши 91 миллион сомониро оғоз бахшид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Рустами Эмомалӣ аз ҷумла ба сохтмони мактаби нав барои 1500 нафар хонанда дар ҳудуди литсейи рақами 55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе замина гузошт: “Ин таълимгоҳ аз 4 бинои 4 ошёна иборат буда, се қисмати он дар якҷоягӣ барои хонандагони синфҳои болоӣ лоиҳакашӣ шуда, як бинои дигар дар алоҳидагӣ барои толибилмони синфҳои ибтидоӣ тарҳрезӣ гардидааст».
Шаҳрдорӣ мегӯяд, бинои ҳозираи литсей ҳанӯз соли 1937 бунёд гардида, барои 780 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда буд, вале он имрӯз дар ду баст 1674 нафар толибилмро фаро гирифтааст.
Манбаъ арзиши бунди таълимгоҳи навро 34 миллиону 165 ҳазор сомонӣ арзёбӣ карда, илова намуд, ки соли 2017 барои сохтмони иншооти мазкур 10 миллиону 165 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.
Дар баробари ин Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба бунёди боз як таълимгоҳи нав барои 2000 хонанда санги асос гузошт: «Дар мактаб 98 синфхона тарҳрезӣ шудааст, ки аз он 84 синфхона бо 24 ҷойи нишаст, 6 синфхона барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба шумули забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, хитоӣ бо 12 ҷойи нишастӣ ҳар кадом, 2 устохонаи таълимӣ, 4 синфхонаи компютерӣ, синфхона - студияи тасвирҳои зинда, расмкашӣ ва ҳайкалтарошӣ барои 12 хонанда, толори машқу тамрини гимнастика барои писарону духтарон, толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 435 нафар, китобхона, духтурхона ва дигар утоқхои таълимӣ, омӯзишӣ, истироҳатӣ, маъмурӣ ва хоҷагӣ пешбинӣ шудааст».
Шаҳрдорӣ арзиши корҳои сохтмонию ороишии мактаби навро тақрибан 57 миллиону 617 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |