73 акси Гитлер 41 ҳазор доллар фурӯхта шуд
Албоми аксҳои Адолф Гитлер дар музоядаи C&T Auctioneersи Бритониёи Кабир бар ивази 41 ҳазор доллар фурӯхта шудааст.
Deutsche Welle мегӯяд, фотоалбоми Гитлерро як шахси ношинос харидорӣ кардааст. Дар ин албом 73 аксе гирд оварда шудааст, ки дар гузашта ба хабарнигори ҳарбии бритониёӣ Эдвард Дин таалуқ дошт. Ба гуфтаи Дин, ӯ ин албомро дар Берлин аз дасти як сарбози шӯравӣ гирифтааст.
Маълум нест, ки аксҳои Гитлерро кӣ бардоштааст. Дар онҳо Гитлер дар иҳотаи Йозеф Геббелс, Герман Геринг ва Генрих Гиммлер дида мешавад.
Адолф Гитлер, ки солҳои 1933-1945 Олмонро роҳбарӣ мекард, ба унвони яке аз “хунхортарин диктатор”-ҳои таърих шинохта мешавад. Ӯ яке аз оташафрӯзони ҷанги дуюми ҷаҳон буд, ки давоми шаш сол ҷони ҳудуди 55 миллионро гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |