Бахшҳо
09 дек 2011 11:38Хабарҳои минтақа

Эрон ҳавопаймои сарнагуншудаи амрикоии навъи «RQ-170»-ро ба намоиш гузошт

Телевизиони давлати исломии Эрон рӯзи гузашта навореро аз як ҳавопаймои ҷосусии бесарнишини амрикоиро пахш кард, ки се рӯз пеш дар қаламрави шарқии ин кишвар сарнагун шуда буд.


Вазорати дифоъи Эрон он замон гузориш дода буд, ки ин ҳавопаймо амрикоиро "бо хисороти андаке" аз осмон ба замин сарозер кардаанд. Дар навори телевизионӣ ҳам дида мешавад, ки баданаи ҳавопаймо зоҳиран тахриб нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, «Ассошиэйтед-пресс» навиштааст, ки ҳақиқатан ҳами ин ҳамон ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоист, ки дар навори телевизионҳои Эрон намойиш дода шуд. Ҳамзамон, Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯи ҳавофазоии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар навори мазкур ҳавопаймои амрикоиро ба тамошочиён муаррифӣ кардааст.

Ёдрас менамоем, ҳанӯз рӯзи 5-уми декабр як  мақоми огоҳи низомии Эрон ба хабаргузории «Форс» гуфта буд, ки: «Ҳавопаймои бидуни сарнишини пешрафтаи ҷосусии амрикоӣ аз навъи «RQ-170» тавассути неруҳои мусаллаҳи Эрон сарнагун шуд ва бо андаке ҳисорот дар ихтиёри мо қарор гирифт». Ин мақоми низомии Эрон аз бурдани номаш худдорӣ карда таъкид кард, ки назар ба вуқӯъи таҷовузи ошкори марзи иқдомоти амалиётӣ ва электроникии неруҳои мусаллаҳи ҷумҳури  исломии Эрон алайҳи ҳавопаймоҳои мутаҷовиз ба марзҳои кишвар маҳдуд нахоҳад монд.Бино ба қавли мутахассисон ин навъи ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоиро то ин замон ҳеч дастгоҳи радарӣ ва мухобиротӣ кашф накарда буд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)