Пули муштариёни “Тоҷпромбонк”-у “Фононбонк”-ро бармегардонанд, аммо…
Муштариёни “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”, ду бонке, ки бо қарори Бонки миллӣ баста шуданд, имкон доранд, пасандозҳои худро бозпас бигиранд. Аммо ба онҳо танҳо то 17 500 сомонӣ, наздики ду ҳазор доллар пардохт мешавад. Агар ҳаҷми пасандозҳояшон аз ин миқдор зиёд бошад, муштариёнро зарур аст, бо мудирияти муваққатии бонкҳо суҳбат кунанд.
Муштариёни ин ду бонк метавонанд амонатҳои худро аз шӯъбаҳои “Амонатбонк” ва “Ориёнбонк” дарёфт кунанд.
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”–ро, ки дучори мушкили молӣ шуда буданд, охири моҳи феврал баст. Сабаби он дар сомонаи расмӣ “сабабҳои асоснок” гуфта шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |