Ш.Зуҳуров: Ҷавонон ба “хирургия”, духтарон ба “гинекология” таваҷҷуҳ доранд

Сардори Раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ мегӯяд, теъдоди табибони оилавӣ дар кишвар ба 4290 нафар мерасад. Шералӣ Раҳматуллоев ин нуктаро 15 март зимни муаррифии Кодекси тандурустӣ иброз дошт. Ба гуфтаи ӯ, бар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба ҳар тибиби оилавӣ 1,5 ҳазор аҳолӣ вобаст мешавад: “Дар 1,5 ҳазор агар шумораи миёнаи хонавода 5 нафар бошад, 300 хоҷагӣ ба як тибби оилавӣ вобаст мешавад”.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар хитоб ба Раҳматуллоев гуфт, “медонам, ки шумо ба табиби оилавӣ роҳхат медиҳед, аммо рафтан намехоҳанд, аксарият ба зурӣ рафта кор мекунанд. Намехоҳанд, зеро шароити мусоид надорем, ташкил накардем”. Раиси Маҷлиси намояндагон афзуд, имрӯзҳо бештари ҷавонон ба ихтисосҳои хирургия ва духтарон бошанд, ба гинекология таваҷҷуҳ доранд. Агар барои тибби оилавӣ низ шароит муҳайё бошад, хоҳишмандонаш меафзояд: “Факултае, ки тибби оилавӣ омода мекунад, бояд маъруф бошад”.
Шералӣ Раҳматуллоев дар шарҳи ба минтақаҳо нарафтани табибони оилавӣ гуфт, “аз ҳама кори мушкил ва вазнин табиби оилавӣ аст, чунки агар табиби тахассусӣ як соҳаро донад, табиби оилавӣ бояд тамоми соҳаи тандурустиро хуб донад. Дуюм маошаш кам аст”.
Аммо Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод кард, агар ба табибони оилавие, ки куҳистон меравад, аз ҳисоби ҷамоат хонаву замин дода шавад ва музди меҳнаташон зиёд карда шавад, таваҷҷуҳашон бештар мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |