Бахшҳо
17 мар 2017 10:44Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Идомаи болоравии қурби доллар ва рубл дар бозори нақду байнибонкӣ

Қурби миёнаи фурӯши як доллар дар бозори нақди кишвар давоми як рӯзи охир боло рафта, имрӯз, 17-уми март муодили 8,21-8,23 сомонӣ шудааст, ки нисбати нишондоди 16 март ҳудуди 3 дирам бештар мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон қурби як доллари амрикоиро имрӯз, 17-уми март дар бозори байнибонкӣ низ боло бурда, 8,1264 муайян кардаст, ки нисбати як рӯзи пеш ҳудуди як дирам болотар мебошад.

Бонкҳои кишвар қурби рубли русиро барои имрӯз аз 0,140-0,141 сомонӣ муайян кардаанд, ки нисбати рӯзи гузашта бештар мебошад. Барои бозори байнибонкӣ қурби рубл 0,138 сомонӣ муқаррар шудааст.

БМТ ҳушдор медиҳад, ки “берун аз дафтари асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад”.

Ин дар ҳолест, ки соҳибкорон мегӯянд, дар бисёри бонкҳо харидани доллар ғайриимкон аст: "Мегӯянд доллар надорем".
Мӯҳр
Салом.. Лутф карда мефахмондед дар бозори накд ба 8,20 сомони расидааст, яъне чи?! Агар манзуратон бозори сиех бошад, пас донед имруз дар бозори сиех 8,50 ба фуруш рафта истодааст.

Беном
Хамин сумфуруши бизнеси каддом алигарх боша?

беном
Охир барои чи курби рубли руси нисбати сомони дуруст нест як бор бинед фаркиятро. Бояд хело арзон бошад дар мо боло рафт. Курби доллар харруз БМТ боло бардоштаистодааст. Мардуми бо доллар карз гирифта чи кор мекунанд маошхо кам шуданд курби доллар боло рафт. Бесохиби дар бозори асъор.

Сомони руз ба руз бекурб шуда истодааст. Ин маънои онро дорад, ки содирот бехад кам шудааст ва интиколи маблагхои мухочирони точики Русия кам шудааст. Барои хамин талабот нисбати доллар бисёру пешниход кам шудааст....Дар натича, доллар дар бозор кам шудааст ва болоравии курби доллар дар чумхури ба назар мерасад. Ин вазъият барои баъзе шахсони беномус сабаб мешавад, ки бозори сиёхро ташкил диханд ва бо спекулятсия машгул шаванд. Худоё, мухочирони точикро, ки иктисоди Точикистонро каму беш нигох дошта истодаанд, дар панохат нигох бидор ва дар бору фаъолияташон баракат ато бифармо....

Пули мехнаткардагиямонро агроинвестбонк бо доллар намедихаду дар берун долларро бизнес карда курбашро боло бурда истодаанд. Инро ман рафтори беадолатона нисбати шахрвандон мефахмам. Яъне ё пулатро бо сомони мегири ва агар онро харид накуни курбаш паст мешавад, ё мегузори дар банк бо фоизи паст, ки агроинвестбонк онро истифода бурда бучаи худашро зиёд кунад. Дигар рох нест барои камбагали "бетага".

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)