Норозигии Азим Иброҳим аз истихроҷи ангишт: Вақт интизор намешавад
![](https://www.ozodagon.com/uploads/posts/2017-03/1489637098_1467890207_1459166637_1456313203_1444287584_bc27037e-8bd1-4e47-9735-33c838960977_mw1024_s_n.jpg)
Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон мегӯяд, то зимистони оянда пайвастсозии 1500 бинои баландошёнаи дигар ба низоми гармидиҳии мавҷуда дар назар аст, аммо масъалаи таъминот бо ангишт аз ҳозир мувофиқи талабот нест.
Тибқи иттилоияи расмӣ Азим Иброҳим 15-уми март дар ҷаласаи корӣ бо масъулини истихроҷу интиқол, нигоҳдорию истифодабарии ангишт изҳор доштааст, ки вақт интизор намешавад ва бояд тайёрӣ ба зимистони ояндаро аз ҳозир оғоз кард.
Ӯ бо такя ба ҳисобҳои пешакӣ талаботи воқеии иқтисоди кишвар, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, аҳолӣ ва Марказҳои барқу гармидиҳӣ ба ангиштро дар соли 2017 зиёда аз 1,8 миллион тоннаро ташкил мекунад: “Мутаассифона иҷрои Нақшаи интиқоли ангишт барои моҳи марти соли ҷорӣ, ки 59 ҳазор тонна мебошад, комилан ба талабот ҷавобгӯй нест ва масъулини соҳа вазифадор мебошанд, ки дар кутоҳтарин муҳлат ҷиҳати тағйир додани ҳолат чораҳои тахассусӣ андешанд”.
Ноиби сарвазир ба роҳбарияти Вазорати энергетика ва ширкати «Барқи Тоҷик» супориши қатъӣ додааст, ки нақшаи интиқоли ангиштро тавассути вобаста кардани мошинҳо ба конҳо дар муҳлати пешбинишуда таъмин намоянд, зеро вақт интизор намешавад. Муовини Сарвазир ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ хотиррасон намудааст, ки субъектҳои соҳа бояд истихроҷи ангиштро дар нақшаи тасдиқшуда ба роҳ монанд ва тарзи саноатии истихроҷи ангиштро марҳила ба марҳила роҳандозӣ намоянд: “Бо чунин тарз истихроҷ намудани ангишт, дар ниҳоят метавонад, оқибатҳои рафънопазир дошта бошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |