Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм маққараш дар Ҳолланд, гузоришеро нашр кард, ки тибқи он шаҳрвандони Тоҷикистон дар садри ҷадвали неруҳои интиҳоркунандаи гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” дар Ироқ ва Сурия қарор доранд. Ин гузориш дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ арзёбиву баррасиҳои зиёде шуд. “Озодагон” ҳам аз соҳибназарон пурсид: МАРГТАЛАБИ №1 БУДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ДИИШ ЧӢ МЕШАВАД УНВОН КАРД?
Саъдӣ ИСМАТОВ, декани факултаи рӯзноманигории ДМТ
Русҳо мегӯянд: “Из двух зол выбирают меншее”. Яъне, аз ду бадӣ беҳтарашро интихоб кун, аммо дар сархати бадиҳо пешгом буданро намедонам чӣ унвон кунам. Мутаассифона, баъди тамошои кинофилмҳои қаҳрамонтарошии хориҷӣ, ҷавони тоҷик дар интихоби роҳ баъзан ба сардаргумӣ меравад, роҳгум мезанад. Намедонад ба кӣ монанд шавад. Ба Рустами Дастон, ки умраш барои муҳофизати Ватан сарф шуд ё ба Шағод, ки бародари худро фурӯхту ба куштан дод. Дар ин росто сомонаҳои ифротӣ ва террористӣ кори худро карданд ва тавонистанд як гуруҳи кам ҳам бошад, ҷавононро гумроҳ созанд. Албатта, рафтори ин ҷавонон, кушта шудани онҳо дар ҷанги бегона - ватани бегона, ҷони ширин ба бод додан барои манфиати бегона ба психологияи мардум аз ҷумла чавонон бетаъсир нест. Аз чониби дигар оилаи худро партофта рафтан ва тавассути ТВ ё интернет бешармона ваҳшонияти худро ба намоиш гузоштан, ин ҳама чун доғ боқӣ хоҳад монд.
Ёқуб ҲАЛИМОВ, хабарнигор
Ғайр аз бехирадӣ ҳеч чизи дигар намешавад унвон кард. Хабар медиҳанд, ки маргталабон дар ҳолати сархушӣ аз нашъаву ҳероин худкушӣ мекунанд. Агар ин ҳарфҳо рост бошад, воқеан ки кори бехирадонае анҷом медиҳанд. Як хабарнигор, ки бо бачаҳое аз Сурия баргашта борҳо мусоҳиба доштааст, мегӯяд, вазну эътибори фармондеҳони ДИИШ вобаста ба шумори “шаҳидонашон” аст. Яъне, як фармондеҳи ДИИШ ҳар чи бештар ҷанговаронашро талаф диҳад ҳамон андоза соҳиби эътибор мешавад. Ҳоло хабар мерасад, ки Гулмурод Ҳалимов (собиқ фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон) бахше аз фармондеҳии ДИИШ-ро бар дӯш дорад. Эҳтимол, дар афзоиши шумори маргталабони тоҷик саҳм дошта бошад. Рехтани хуни тоҷик бо дасти тоҷик. Бехирадӣ!
Дориюш РАҶАБИЁН, хабарнигори BBC
Ҳузури чашмгири тоҷикон дар суфуфи аввали интиҳориҳои ДОЪИШ, ба бовари ман, намунаи боризи мусибатест, ки ҷомеъаи мо бо он дасту панҷа нарм мекунад. Ҳатто дар Афғонистоне, ки чандин даҳа аст дар чанги ҷангу хунрезӣ метапад, интиҳориҳои тоҷикро наметавон ёфт. Далели ибтило ба ин бало халаъест, ки дар ҷомеъаи Тоҷикистон ҳаргиз пур нашуд. Халаъи ъақидатию маънавӣ, ки дар паи суқути идеулужии кумунисм ба бор омад, бо маънавиёт пур нашуд ва тӯдаи раҳошудаву бетӯша ба ъумқи чоҳи таъассубу кӯрбоварӣ ғелиданд. Гусастагӣ аз маънавиёти порсӣ, ки ин миллати чандҳазорсоларо ба як қавми чанддаҳсола табдил кардааст, далели аслии ин гумгаштагӣ ва кӯрбоварист. Нокомӣ дар таъмини мардум бо ғизои маънавӣ омили аслии он аст. Ва яъсу навмедӣ, умедҳои саркӯбшуда, яке дигар аз омилҳои бозгашт ба таваҳҳуш (ваҳшигарӣ) аст. Набуди имкони интихоби ояндае мутафовит аз роҳҳои мардумсолоронаву демукротик баногузир афродро ба сӯи ифроту тундравӣ меронад.
Исмат НИЁЗОВ, донишҷӯйи тоҷик дар Аврупо
Дар Аврупо, ки ман ин ҷо таҳсил мекунам ин гуна дараҷабандиҳоро мардум ва воситаҳои ахбори омма бисёр бо дарду ҳангома қабул мекунанд. Мо бояд як чизро бидонем, ки аксари аврупоиҳо Тоҷикистонро намедонанд, вале вақте аз ҳамин гуна хабарҳо номи кишвари моро мешунаванду мехонанд, онҳо кишвари моро бо ҳамин гуруҳҳои маргталабаш мешиносанд. Онҳо намедонанд, ки ин гунаҳо дар дохили кишвари мо пойгоҳ надоранд ва иттилоъ надоранд, ки аксари онҳо фирифташудаҳое мебошанд, ки дар муҳоҷират ба ин доми бало афтодаанд.
Аз тарафи дигар ин гуруҳҳо барои мо тоҷикон, ки як миллати аҳли фарҳангу илм дар тӯли таърихи дунё будаем ҷойи нигаронӣ дорад. Зеро акнун наберагони Фирдавсиву Синову Розӣ дар саффи пеши маргталабони ҳаракати хунимардумхору террористии ДИИШ қарор гирифтаанд. Онҳо дар диду ҳиссиёти мардуми ҷаҳон аз тоҷикон чеҳраи хашину хунхор ҳосил кунонидаанд ва ман фикр мекунам бадтарин кори онҳо ҳам ҳамин мебошад. Онҳо гумманизми бисёр баландеро, ки таърихан фарҳанги тоҷикӣ ба вуҷуд овардааст бо ин кори одамшикоркуниашон ба сифр баробар мекунанд.