Бахшҳо

Зуҳуров ба вазир: Агар дар боло коррупсия набошад, тобеин ҳам метарсанд

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳалолкории Олимзода Насим Хоҷа вазири нави тандурустии кишвар ситоиш карда, гуфт ин корашро дар вазорат низ идома диҳад.

Зуҳуров имрӯз 15 март зимни баррасии Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар парлумон гуфт, Олимзода корашро аз духтури оддӣ сар карда, то муовин, мудири раёсат ва сардухтури клиника кор кардааст: “Ин вазир аҳволи духтуронро низ медонад, зеро роҳбарӣ кард, дид. Кораш ҳалол буд. Дар вазорат низ бо ҳамон ақидаҳоят кор кун оҳиста- оҳиста одамон туро пайравӣ хоҳанд кард”.

Шукурҷон Зуҳуров аз вазири тандурустӣ хост, коррупсияро дар вазорат решакан кунад, то ин зуҳуроти номатлуб дар сохторҳои поинтар ҳам кам шавад. Раиси Маҷлиси намояндагон муътақид аст, ки дар вазорат агар коррупсия набошад дар дигар сохторҳои поин метарсанд ва ин зуҳурот 20%, 30%, 50% кам мешавад: “Дар Қараболо, “Скорий”, “Медгородок” ва таваллудхонаҳо кам мешавад. Аммо агар ин дар боло ҷой дошта бошад, барои онҳо баҳона мешавад”.

Зуҳуров дар хитоб ба вазири тандурустӣ афзуд, фасодро тамоман решакан кун: “Ризқу рӯзӣ то ҳамин вақт омада расид, баракат меёбӣ. Ҷаноби олӣ беҳуда аз ҳамон ҷо кофтаву ҷустуҷӯ карда наовардааст. Тамоми чизро месанҷад”.

Ҷаноби Зуҳуров ба вазири тандурустӣ ҳамчунин гуфт, ба омодо сохтани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳ зоҳир намояд ва сатҳу сифати тамоми таҷҳизоти табобатиро, ки бо арзиши гарон оварда шудаанд, санҷад.

Ба гуфти раиси Маҷлиси намояндагон дар як ноҳияи дурдаст шоҳиди он шудааст, ки як ташхисгоҳ, ки метавоанд 100 навъи ташхиси хунро пешниҳод намояд, кор намекунад, зеро мутахассис намерасад. Зуҳуров аз вазир хост, барои ҷалби кадрҳо дар минтақаҳо чораҷуӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагон ба масъалаи сифати доруворӣ низ дахл карда гуфт, доруворӣ бештар аз берун ворид мешавад: “Барои зарар нарасонидани он ба аҳолӣ бояд муҳлату сифати онҳоро санҷид. Дар оянда коре кардан лозим аст, ки ҷавобгарии муассисаи назораткунанда ҳам бошад. Ҳама доруҳо бояд аз ташхисгоҳ гузаранд. Ин ҷо ҷурабозӣ, хешутаборчигӣ нашавад. Барои ҳамин аз рӯи инсоф чизе, ки зарур аст, талаб кардан лозим ва аз ташхис гузаронед, ки барои истифода ҷавобгӯ бошад”.
Мӯҳр
и афсонай ё хакикат нафахмидам

Мухтарам Зухуров ,бисёрхам суханони самимона боодобона , лек афсус ин (насихатхо) аз як гуш даромада аз дигараш баромада меравад...
То инкадар насихатхо бояд аз поймол кардани конуне ,барои хама як аст дар чои авал гузоред садхо маротиба бехтар аст.

мардон
бефоида ин хама гуфтахо - афсус ки ягон вазир ба ин гуш намекунад

Киром
Корупция гуфта гаштан кати кор пеш намеравад, фармоиши президент ду руз нашуда дар аоенкомати Рудаки бо сесад доллар азои камисияро бо карупция капидан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)