Додгоҳи Иттиҳоди Аврупо манъи пӯшидани ҳиҷоб дар коргоҳро қонунӣ хонд
Додгоҳе дар Аврупо қарори манъи пӯшидани ҳиҷобро барои мусулмонон дар коргоҳ қонунӣ номидааст. Дар ин бора Би-би-сӣ иттилоъ медиҳад.
Ин ҳукми зинаи болоии додгоҳи Иттиҳоди Аврупо дар пайи баррасии шикояти ду сокини Фаронса ва Булғористон, ки барои риоя накардани қарори манъи пӯшиши ҳиҷоб аз кор озод шуданд, содир гаштааст.
Додгоҳ гуфтааст, корфармоёне, ки пӯшидани ҳиҷобро манъ мекунанд, қонунгузории Иттиҳоди Аврупоро нақз нахоҳанд кард ва худи қарори онҳо низ “табъизи мустақим” нест.
Соли 2004 нахуст ҳукумати Фаронса ва пас аз он Булғористон расман намоиши рамзҳои диниро дар коргоҳҳо манъ карданд. Баъдан он барои хонандагон ва волидайне, ки фарзандонашонро то мактаб ҳамроҳӣ мекунанд, мамнуъ шуд.
Пӯшидани ҳиҷоб ва либосҳои дигари динӣ дар муассисаҳо, аз ҷумла мактаб дар кишварҳои гуногун борҳо баҳсҳоеро ба бор овардааст. Мусалмонон манъи пӯшидани либоси диниро маҳдуд кардани озодиҳояшон арзёбӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |