Бахшҳо

Мақоми 215-уми Душанбе миёни 231 шаҳри ҷаҳон

Ширкати машваратии “Mercer” сифати зиндагӣ дар 231 шаҳри ҷаҳонро раддабандӣ карда, Душанберо дар қаттори шаҳрҳои дорои бадтарин сифати зиндагӣ қарор додааст.

Ин ширкат дар шохиси сифати зиндагӣ 2017, Душанберо миёни 231 шаҳр дар мақоми 215-ум қарор додааст.

Ширкати “Mercer” аз рӯи 10 нишондиҳанда, ба монанди муҳити сиёсӣ ва иҷтимоӣ, муҳити иқтисодӣ, муҳити иҷтимоӣ-фарҳангӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, макотиб ва маориф, ҳамлу нақл, тафреҳ, колоҳои мавриди истифода ва муҳити зист сифати зиндагӣ дар шаҳрҳоро муайян кардааст.

Аз миёни шаҳрҳои Осиёи Марказӣ Тошканд, дар ҷойи 105, Ишқобод 211 ва Бишкек дар мақоми 207-уми ин раддабандӣ омадааст. Шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ дар мақоми 231-ум қарор гирифта, бадтарин шаҳр барои зиндагӣ дониста шудааст.

Шаҳрҳои Вена, пойтахти Утриш соли ҳаштум аст, ки дар садри раддабандӣ қарор дорад. Сиюрих, шаҳр дар Суис (Шветсария), Окленд шаҳр дар Зеландияи Нав, Мюнхени Олмон ва Ванкувери Канада аз панҷгонаи шаҳрҳои писандида ва дорои беҳтарин сифати зиндагӣ баҳогузорӣ шудаанд.
Мӯҳр
Холо хам гузашт кардаанд бахогузорон. Мутаассифона, Душанбеи мо, рости, ба макоми пойтахти як кишвари сохибистиклол хич рост намеояд. Як шахри калони музофоти аст. Вале дунё ба умед.

ОНХОЕ ки ба шахри будан ифтихор мекардан ва бакияро кишлоки гуфта маскара мекардан бояд шарм карда ба кишлок куч банданд то аз кайфияти зиндаги дар кишлок бахраманд шаванд. Бояд инро кабул кунед ки ба швхрхои точикистон дар холи хозир набояд шахр гуфта шавад чун имконоти шахри дар ончойхо вучуд надорад.

Ватандуст
Душанбе як кишлоки бесарунуг аст. Болои сухта намакоб бехтарин бинохои зебои арзиши таьрихидоштаро ноогохона хароб доранд ки ин амали нобахшиданист. Маркази шахр аз бинохои баландошйонаи качукилеб ва хатарнок табьи касро хира менамояд. Ба наздики аз Прибалтика омадам аз зебоги ва меьмории шахрхо ва хифзи бинохои 400 500 ва бештари он чо ро дида койил шудам ва офарин хондам. Бо чанд бинои вохима рангмоли ва побел ободи намешавад. Сохтмонро на дар марказ балки дар атрофи шахр рохандози бояд кард. Дар саросари кишвар корхонахои саноати бояд сохт. Чои кор ташкил кардан лозим. Маошу нафакаи шахрвандонро ба талаботи сабади истеьмолии бозор баробар бояд кард. Аз раксу бози даст бояд кашид.

Ватандӯст
Ширкати "Mercer" баҳогузорӣ кардааст, лекин ин танҳо ақидаи ширкати мазкур аст. Мо бисёр шаҳрҳои хурду калони дунёро дидем. Душанбе яке аз шаҳрҳои зеботарини дунё аст. Муҳити сиёсӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва иқтисодӣ ҳам дар Душанбе дар ҳоли рушд қарор дорад.

Аввалан Душанбе шахр на пойтахти кишвар аст. Хатман бояд рушд намояд. Баъдан шахрро шахр сокинонаш менамояд. Бахои 216 ин бахои мо сокинон аст. тафаккур ва диди мо бояд 180% дигар шавад-кай........???????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)