Дастури вазир ба Шоҳ Искандар ва тобеинаш барои шиддати тадобири амниятӣ
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ба маъмурони милисаи шаҳри Турсунзода, ки роҳбарияшонро генерал-майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ, маъруф ба Шоҳ Искандар ба уҳда дорад, дастур додааст, ки чорабиниҳо барои таъмини амниятро пурзӯр кунанд.
Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дастури вазир имрӯз, 14-уми март дар доираи боздидаш аз шаҳри Турсунзода ироа шуд.
Ба иттилои манбаъ Раҳимзода дар хитоб ба маъмурини милисаи Турсунзода таъкид намуд, ки фаъолияти хизматиро дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон зимни гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз пурзӯр намоянд. Вазир аз масъулини милисаи Турсунзода хостааст, муборизаро бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб боз ҳам таҳким бахшида, бо шаҳрвандон хушмуомила ва дар ҳамкории зич қарор дошта бошанд.
ВКД афзуд, кормандони милисаи шаҳри Турсунзода изҳор доштаанд, ки ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ҳамаҷониба омодагӣ гирифта, баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон бо масъулияти баланд фаъолият хоҳанд кард.
Соли равон таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ рӯзҳои 21-22-юми март дар шаҳри Турсунзода дар назар буда, дар он иштироки роҳбарони Тоҷикистон ва намояндагони кишварҳои ҳамсоя- Узбакистон, Афғонистон ва Эрон дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |