Ифтитоҳи парвандаи қаллобӣ алайҳи Пировҳо
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Пиров Абдумутолиб, раиси хоҷагии деҳқонии “Бобои Мерган”-и ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ ва бародараш Пиров Мирзомуддин хабар дод, ки дар гирифтани пора барои ҷудо кардани замин мутаҳам мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, Пиров Абдумутолиб бо маслиҳати пешакӣ бо бародараш Пиров Мирзомуддин моҳи феврали соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд “А” даромада, ӯро бовар кунонидаанд, ки бар ивази 5000 доллар аз заминҳои хоҷагии деҳқониашон дар деҳаи Файзободи ҷамоати дехоти Иттифоқ 6 ҳисса заминро ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳанд. Манбаъ мегӯяд, шаҳрванд “А” ба суханони онҳо бовар намуда, ба Пировҳо 2000 доллари ИМА ва 20000 рубли русӣ додаст, аммо бародарон маблағи мазкурро тасарруф намуда, ба манфиати охирин ягон амалро иҷро накардаанд.
Оҷонсии зидди фасод афзуд, бар асоси аризаи шаҳрванд “А” нисбат ба бародарон Пиров Абдумутолиб Мерганович ва Пиров Мирзомуддин Мерганович бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”-КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |