Занозании савдогарону донишҷӯён: Милиса донишҷӯёнро гунаҳкор гуфт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз муноқишаи гуруҳӣ миёни донишҷӯён ва савдогарони бозори “Шоҳмансур” хабар додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод ҳодиса нисфирӯзи 12-уми март рух дода, гуруҳҳои даргир ҳамдигарро латтукӯб намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд: “Чор сокини Душанбе, ҷавонони аз 18 то 21-сола, ки ду нафарашон донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ мебошанд, тахминан соати 14:30-и 12-уми март дар кӯчаи Деҳлавии пойтахт бо се ҷавони аз 23 то 30-сола, савдогарони бозори “Шоҳмансур”, сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Восеъ вохӯрда, муноқиша карданд. Дар пайи муноқиша ҷавонон тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, ҳамдигарро лату кӯб кардаанд”.
Маъмурини милиса сабаби сар задани муноқишаро шарҳ надодаанд, аммо дар қазия донишҷӯёну ҳамроҳонашонро гунаҳкор мекунанд: “Айни ҳол ин ҷавонон бо иттиҳоми авбошӣ дастгирӣ шудаанд. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |