ВКД: Марди 42-сола ҳамқадаҳашро буғӣ карда, ба ҷарӣ партофтааст
Як сокини ноҳияи Восеъ дар қатли як зани 27-сола аз ноҳияи Ёвон муттаҳам мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Баҳром Сафаров, бошандаи 42-солаи деҳаи Қулбеки ноҳияи Восеъ, шаби 7 марти соли равон бо ин зан дар шаҳри Душанбе машруботи спиртӣ истеъмол намуда, баъдан бо ҳам муноқиша мекунанд: “Баҳром Сафаров бо мушт ба сару рӯи С.Г. зада, вайро аз по меафтонад ва дар ҳолати беҳушӣ дохили автомашинаи “Старекс”, ки ба худи ӯ тааллуқ дошт, гузошта ба хонааш меравад”.
Ба иттилои манбаъ, субҳи рӯзи дигар аз хавфи он, ки С.Г. ба пулис хабар надиҳад, ӯро бо ресмон бӯғӣ намуда, барои рӯйпуш кардани ҷиноят ҷасадро дар километри 60-и шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак ба ҷарӣ мепартояд.
Бино ба иттилои ВКД, Сафаров дар гузашта бар пояи моддаи 138-и Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. “Тафтишоти парвандаи қатли сокини Ёвонро Прокуратураи шаҳри Норак бар зима дорад”,-меафзояд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |